- иттифоқ
- [اتّفاق]а1. бо ҳам як шудан, муттафиқ шудан; иттиҳод, як шудан, муттаҳид шудан (мас., синфҳо, ҷамъиятҳо, давлатҳо, ҷумҳуриҳо): иттифоқи коргару деҳқон, иттифоқи ҷавонон ва ғ; бо (ба) иттифоқ муттафиқона, якдилона, якҷоя; иттифоқ кардан як шудан, муттаҳид шудан; иттифоқ шудан як шудан, муттаҳид гардидан2. созмон, муассиса ё ягон воҳиди ба он монанди дар асосҳои ихтиёрӣ муттаҳидшудаи ҷамъиятӣ: иттифоқи касаба, иттифоқи нависандагон, иттифоқи оҳангсозон, иттифоқи рассомон, иттифоқи рӯзноманигорон ва ғ. ; иттифоқи камбағалон таър. ташкилоти оммавии сиёсии деҳқонон дар Осиёи Миёна (1918-1920); Иттифоқи Советӣ ниг. Иттиҳоди Шӯравӣ3. ҳодиса, воқеа, пешомад, тасодуф; иттифоқ афтодан рӯй додан, тасодуф шудан (ғайри чашмдошт)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.